Мулоқот бо Ҳишам Маъруф
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо, Шариф Раҳимзода бо миссияи Бонки Исломии Рушд, ки таҳти роҳбарии Директори минтақавии Бонки Исломии Рушд дар шаҳри Алмаато оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҷаноби Ҳишам Маъруф ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, доир гардид.
Дар аснои мулоқот бо Директори минтақавии Бонки Исломии Рушд дар шаҳри Алмаато оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҷаноби Ҳишам Маъруф атрофи нақшаю барномаҳо ва татбиқи лоиҳаҳо аз ҷониби Бонки мазкур дар бахшҳои иқтисод ва тиҷорат, энергетика, рушди соҳаҳои воқеии иқтисод, омӯзиши таҷриба ва дигар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.