Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


АНҶУМАНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИҚТИСОДӢ

.

Рӯзҳои 25–26 сентябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Рашт бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мусоидат намудан дар рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, аз ҷумла рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои водии Рашт (Рашт, Нуробод, Ҷиргатол, Тавилдара ва Тоҷикобод), Анҷумани байналмилалии иқтисодии “Водии Рашт – имкониятҳои Рушд” баргузор гардид. 

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур мониторинг, арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои гуногуни дар минтақаи мазкур татбиқшаванда, баррасии рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои барномаҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои водии Рашт, муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва беҳтар намудани шароит барои рушди соҳибкорӣ мебошад.

Кори анҷуманро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Шариф Раҳимзода ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки айни замон панҷ ноҳияи минтақаи Рашт дорои барномаҳои рушди ноҳия мебошанд.

Ҳамзамон, Вазири рушди иқтисод ва савдо иброз намуд, ки таҳлили барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои минтақаи Рашт (яъне барномаҳои рушди ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Ҷиргатол, Тавилдара ва Тоҷикобод) нишон медиҳад, ки то соли 2017 танҳо дар доираи барномаҳои мазкур ба рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа ба маблағи 800 млн. сомонӣ ҷалб ва зиёда аз 720 лоиҳа татбиқ карда хоҳад шуд. Аз ҷумла, ба соҳаҳои реалии иқтисодиёт тибқи барномаҳои рушд 65,2 млн. сомонӣ, иҷтимоиёт 239,5 млн. сомонӣ, инфрасохтор 451,3 млн. сомонӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ҳифзи муҳити зист 16,8 млн. сомонӣ ва дигар соҳаҳо зиёда аз 21 млн. сомонӣ маблағгузорӣ карда хоҳад шуд.

Дар қисмати аввали анҷумани мазкур барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Тавилдара ва Ҷиргатол аз ҷониби раисони ноҳияҳои номбурда муаррифӣ гардида, мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар ҳошияи баргузории анҷумани мазкур ва татбиқи барномаҳои минтақа, иброз гардид, ки дарёфти маблағҳои зарурӣ ва татбиқи пурраи барномаҳои рушд талаб менамояд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо ҳамкориро бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва бахши хусусӣ ҷоннок намуда, татбиқи барномаи рушди ноҳияро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.

Дар кори анҷуман, инчунин намояндагони воломақоми ташкилотҳои байналмилалӣ (БРСММ, САҲА, БОР, Фонди Оғохон, Ташкилоти Олмон оид ба рушд ва дигарҳо) сафоратҳои як қатор давлатҳо (Эрон, Украина ва Беларус) дар Тоҷикистон, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок варзиданд. Ғайр аз ин, дар Анҷумани мазкур намоишгоҳи молу маҳсулотҳои кишоварзию саноатӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, стендҳои маълумотӣ дар бораи лоиҳаҳои татбиқшудаистодаи давлатӣ ва ғайри давлатӣ дар ноҳияҳои водии Рашт ташкил ва гузаронида шуд.

Инчунин, дар доираи Анҷумани мазкур мизҳои мудаввар дар мавзуъҳои рушди соҳибкорӣ (кишоварзӣ, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра), рушди иҷтимоӣ (тандурустӣ, маориф, баробарии гендерӣ ва ғайра) ва рушди инфрасохтор (сохтмони роҳҳо ва нерӯгоҳҳои барқи обии хурд, таъминот бо оби нӯшокӣ ва ғайра) дар водии Рашт гузаронида шуд.