Навиди Вазорат



Суханронӣ дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим

.

 

Муҳтарам аъзои Панели сатҳи баланд,
Иштирокчиёни муҳтарам,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Созмони ҷаҳонии метеорологӣ барои ташкили вохӯрии имрӯза изҳори сипос намоям.

Тавре ки маълум аст, об ва иқлим бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд, зеро  тағйирёбии иқлим таъсири худро ба ҳаёти мо ва иқтисодиёт асосан тавассути захираҳои об мерасонад.

Пиряхҳои мо босуръат об шуда истодаанд. То имрӯз аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон зиёда аз як ҳазораш комилан об шудааст. 

Тайи чанд даҳсолаи охир ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардид.

Дар вохӯрии аввали Панели сатҳи баланд вобаста ба обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон ва дигар минтақаҳои олам мисолҳо оварда будам.

Бо дарназардошти оқибатҳои вазнини идомаи ин раванд, қаблан мо пешниҳод кардем, ки соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон гардида, санаи мушаххаси  “Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо” муқаррар карда шавад. Ман пештар ҳамчунин ҷиҳати зарурати таъсис додани “Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”  ибрози назар карда будам.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ташаббусҳоро дар сатҳҳои гуногун ба таври фаъол пеш мебарад ва мо умед дорем, ки онҳо аз ҷониби Эътилофи обу иқлим низ пуштибонӣ хоҳанд ёфт.

Хонумҳо ва ҷанобон,

Дар соли 2018, мо ҳама якҷо ҷиҳати пешбурди Раванди оби Душанбе дар чорчӯби Конфронси байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” заминаи устувору васеъ гузошта будем.  

Дар доираи он чорабинӣ иштирокчиён паҳлуҳои гуногуни мушкилоти вобаста ба обро дар роҳи дастрасӣ ба рушди устувор фаъолона баррасӣ намуданд.

Мо ният дорем, ки соли оянда дар доираи Раванди оби Душанбе дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои шарик Конфронси навбатии байналмилалиро оид ба даҳсолаи об баргузор намоем.

Ин навбат низ масъалаҳои мубрами вобастагии захираҳои об ва иқлим мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Конфронси Душанбе занҷираи марказии раванди омодагӣ ба  Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об дар соли 2023 хоҳад гардид, ки Тоҷикистон ва Нидерланд ҳамраисии онро ба уҳда доранд.

Тоҷикистон саъй хоҳад кард, ки ҳамбастагии об ва иқлим дар рӯзномаи Конфронси зикршудаи Созмони Милали Муттаҳид низ ҳамаҷониба инъикос ёбад.

Иштирокчиёни муҳтарам,

Даҳсолаҳои охир дар минтақаи мо тағйири назарраси даврҳои иқлим беш аз пеш ба мушоҳида мерасад.

Зимистонҳои мо бештар сарду тӯлонӣ ва фасли тобистон гарму хушк гардида истодаанд. 

Вобаста ба ин, ҳоло дар минтақа талабот ба нерӯи барқ ва захираҳои об ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

Илова бар ин, даври гидрологӣ низ  тағйир ёфта истодааст, ки дар минтақа боиси дигар шудани ҷараёни дарёҳо ҳам аз лиҳози ҳаҷм ва ҳам аз лиҳози замон мегардад.

Дар чунин вазъият иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсоли нерӯи барқ ва  танзими захираҳои об дар минтақа наметавонанд талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ва иқтисодро қонеъ гардонанд.   

Чунончи, тобистони соли гузашта Тоҷикистон маҷбур шуд, ки содироти нерӯи барқро ба кишварҳои ҳамсоя муваққатан қатъ намояд.

Ҳамзамон бо ин, кишварҳои минтақа дар авҷи мавсими обёрӣ ба камбуди об дучор гардиданд.  

Зимистони бармаҳал, сард ва тӯлонии соли равон моро бо мушкилоти нав рӯ ба рӯ сохт.

Бар замми ин, соли ҷорӣ хушксолии шадид дар баъзе кишварҳои минтақа боиси талаф ёфтани зироатҳои кишоварзӣ ва саршумори зиёди чорво гардид.   

Маҳз ба ҳамин сабаб, мо дар доираи раисии худ дар Бунёди байналмилалии наҷоти Арал ба масъалаи таъсири тағйирёбии иқлим афзалияти хосса медиҳем.

Дар ин зимн, мо ният дорем талошҳои худро ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба фаъолияти бештар ва андешидани чораҳои таъхирнопазир дар самти муқовимат ба тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он идома диҳем. 

Хонумҳо ва ҷанобон,

Мо итминон дорем, ки дар шароити имрӯза маҳз мавқеъгирии маҷмӯӣ метавонад барои ҳалли мушкилоти рӯзмарра, рушди иқтисоди “сабз” ва пешрафти босубот заминаи боэътимод гузорад.

Мо бори дигар ҷонибдории худро аз ин раванд изҳор намуда, кӯшишҳои иловагӣ ба харҷ хоҳем дод, ки мавқеъгирии ҳамгироёна дар роҳи ҳалли масъалаҳои об ва иқлим ҷойи намоён дошта бошад.  

Бовар дорам, ки фаъолияти Панели сатҳи баланди мо дар ин раванд  ҷиҳати боз ҳам муттаҳид сохтани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус пешвоёни сиёсӣ, барои роҳандозии иқдомоти боз ҳам фаъолтар ва андешидани чораҳои заруриву муносиб саҳми сазовор хоҳад гузошт. 

Дар ин ҷода ба ҳамаи иштирокчиён муваффақияту барори кор хоҳонам!

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!

http://president.tj/ru/node/27142