Навиди Вазорат



Баргузории ҷаласаи нахустини Гуруҳи кории байниидоравӣ “Самаранокии низоми идоракунии давлатӣ ва волоияти қонун” дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

 

11 ноябри соли 2021 Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Гуруҳи кории байниидоравӣ “Самаранокии низоми идоракунии давлатӣ ва волоияти қонун-ро дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор намуд.

 

Дар ҷаласа аъзои Гуруҳи кории байниидоравӣ бо нақши Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун платформаи таҳияи сиёсати умумии рушди устувор, вазифа ва функсияҳои Гуруҳи корӣ, ки намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва созмонҳои ҷамъиятиро дар бар мегирад, шинос шуданд.

Иштирокчиёни нахустҷаласаи Гуруҳи кории байниидоравӣ масъалаҳои самаранокии низоми идоракунии давлатӣ ва волоияти қонун, инчунин дастоварду мушкилоти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва дигар барномаҳои соҳавиро дар ҳошияи Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) муҳокима намуданд.

Илова бар ин, иштирокчиёни нахустҷаласа имконияти шиносоӣ бо натиҷаҳо, дастовард ва мушкилот ҳамчунин дастгирӣ аз ҷонибаи БРСММ бо мақсади расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор аз ҷумла ҲРУ 16 дар Тоҷикистон пайдо намуданд. Аз ҷониби БРСММ қайд гардид, ки Барномаи стратегии рушди СММ барои солҳои 2022-2025 ва Барномаи Умумиҷаҳонии рушди СММ, ки самти фаолияташон аз мустаҳкамнамоии волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон бо мақсади таъмини сулҳ ва мусоидат ба рушд дар шароити бӯҳронӣ, низоъ ва ноустуворӣ иборат аст, тасдиқ мегарданд.

Дар рафти ҷаласа низоми мониторинг ва арзёбии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 муаррифӣ гашта, фарқияти асосии он аз низоми мониторинг ва арзёбии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, ҳамчунин ҳамгироии ҲРУ дар таҳияи барномаҳои соҳавӣ муҳокима шуд.

Дар анҷоми ҷаласа модули омӯзишӣ барои тақвияти иқтидори аъзои Гуруҳи корӣ гузаронида шуд, ки то 12 ноябр идома ёфт. Ҳадафи асосии модули омӯзишӣ ба иштирокчиён таълим додани асосҳои банақшагирии стратегии соҳавӣ, сафарбарнамоии захираҳо, инчунин низоми мониторинг ва арзёбӣ мебошад.

Бо мақсади такмил додани низоми мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ ҷиҳати татбиқи барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ ва ҲРУ, Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳҳои корӣ ташкил медиҳад, ки аз намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва шарикони рушд иборатанд. Дар маҷмуъ 14 гурӯҳи кории байниидоравии Шӯрои миллии рушд мувофиқи самтҳои соҳавии рушди фарогири афзалиятҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва ҲРУ ташкил карда шудаанд.

Барои маълумоти бештар ба Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суроғаи шаҳри Душанбе, кучаи Бохтар 37 бо телефони 221-13-53 ва суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. муроҷиат намоед.