Баргузории ҷаласаи нахустини Гуруҳи кории байниидоравӣ “Идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳои об” дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
2 декабри соли 2021 Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Гуруҳи кории байниидоравӣ “Идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳои об” дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор намуд.
Дар ҷаласа аъзои Гуруҳикории байниидоравӣ бо нақши Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун платформаи таҳия ва татбиқи сиёсати умумии рушди устувор, вазифа ва функсияҳои Гурӯҳи корӣ, ки намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва созмонҳои ҷамъиятиро дар бар мегирад, шинос шуданд.
Иштирокчиёни нахустҷаласаи Гуруҳикории байниидоравӣ масъалаҳои идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳои об, инчунин дастоварду мушкилоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва дигар барномаҳои соҳавиро дар ҳошияи Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) муҳокима намуданд.
Дар рафти ҷаласа низоми мониторинг ва арзёбии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 муаррифӣ гашта, фарқияти асосии он аз низоми мониторинг ва арзёбии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, ҳамчунин ҳамгироии ҲРУ дар таҳияи барномаҳои соҳавӣ муҳокима шуданд.
Дар анҷоми ҷаласа модули омӯзишӣ барои тақвияти иқтидори аъзои Гуруҳи корӣ гузаронида шуд, ки то 3-юми декабр идома ёфт. Ҳадафи асосии модули омӯзишӣ ба иштирокчиён таълим додани асосҳои банақшагирии стратегии соҳавӣ, сафарбарнамоии захираҳо, инчунин низоми мониторинг ва арзёбӣ мебошад.
Бо мақсади такмил додани низоми мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ ҷиҳати татбиқи барномаҳои миллӣ, соҳавӣ, маҳаллӣ ва ҲРУ, Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳҳои корӣ ташкил медиҳад, ки аз намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва шарикони рушд иборатанд. Дар маҷмуъ 14 гурӯҳи кории байни идоравии Шӯрои миллии рушд мувофиқи самтҳои соҳавии рушди фарогири афзалиятҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва ҲРУ ташкил карда шудаанд.
Барои маълумоти бештар ба Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суроғаи шаҳри Душанбе, кучаи Бохтар 37 бо телефони 221-13-53 ва суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. муроҷиат намоед.