Ҷаласаи 3-юми Комиссияи байниҳукуматӣ
Бо мақсади рушди ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 15 октябри соли 2014 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи 3-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид.
Ҷониби Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур Шариф Раҳимзода- Вазири рушди иқтисод ва савдо ва ҳайати Ҷумҳурии Озарбойҷонро ҷаноби Шоҳин Мустафоев, Вазири иқтисод ва саноати Ҷумҳурии Озарбойҷон роҳбарӣ карданд.
Дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд баррасӣ гардида, таваҷҷуҳи бештар ба масоили татбиқи лоиҳаҳои муштарак, мустаҳкам намудани ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ ва техникию иқтисодӣ, пешбурди сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ташкили корхонаҳои муштарак ва намояндагиҳои он дар ҳудуди ҳар ду ҷониб дода шуд.
Дар анҷоми ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.