Вохӯрӣ бо намояндагони Сафорати Фаронса
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии муовини Вазир Умед Давлатзод бо намояндагони Сафорати Фаронса дар Москва Борис Киселевский ва Луи Тулорж баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, вазъи макроиқтисодӣ дар ҷумҳурӣ, раванди баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, ҳамчунин ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаҳои гидроэнергетика, ташкили корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ҷалби сармоягузорӣ, фаъолияти бонкӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар охир тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд баён доштанд.