Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Чорабинӣ бахшида ба 20- солагии Сарқонун

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарияти Вазорат, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ бахшида ба 20-умин солгарди қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод оид ба нақш ва мақоми Сарқонун дар ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқ ва озодиҳое, ки тибқи Конститутсия ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ кафолат дода шудааст, суханронда, кормандонро ба ин санаи фархунда табрик намуд.

Кормандони Раёсати таъминоти ҳуқуқи Вазорат А.Комилов, Д.Чалая, О.Алидодов ва Т.Маҳкамбоева моҳият ва муҳтавои Сарқонуни ҷумҳуриро муаррифӣ карда, нақши онро дар пешрафти ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар зикр намуданд.

Дар анҷом, оид ба паҳлӯҳои гуногуни Сарқонуни ҷумҳурӣ байни кормандон суолу ҷавоб ва мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.