Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Густариши ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Хуросони Разавӣ

.

12 ноябри соли 2014 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир, Шариф Раҳимзода бо Раиси вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Алиризо Рашидиён ва ҳайати ҳамроҳонаш, ки ҷиҳати иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии саноатии ин кишвар ба Душанбе ташриф овардаанд, баргузор гардид. 

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои мухталифи ҳамкориҳои самарабахш миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, алалхусус бо вилояти Хуросони Разавӣ дар соҳаҳои ҷалби сармоягузорӣ, бунёди корхонаҳои муштарак, коркарди маҳсулот, нақлиёт, соҳаҳои кишоварзӣ ба мисли паррандаю моҳипарварӣ, боғдорӣ, бахши бонкдорӣ, ташкили намоишгоҳҳои ихтисосӣ ва мулоқоти соҳибкорон, ҳамчунин тавсеаи робитаҳои илмию фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бояд зикр намуд, ки гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Эрон сол ба сол афзоиш меёбад. Тибқи маълумоти омори расмӣ дар соли 2013 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни ду кишвар 292,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба соли 2012 34,4 фоиз зиёд мебошад. Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ бошад, гардиши савдои хориҷӣ байни ҶТ ва ҶИЭ бештар аз 186 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Номгӯи асосии маҳсулоте, ки аз Тоҷикистон ба Эрон содир мешавад аз пахта, алюминий ва маҳсулоти дигар иборат буда, аз ҷониби дигар бештар мошинолот ва таҷҳизоти техникӣ, семент, маводи шустушӯӣ, маҳсулот аз металҳои сиёҳ ва пластмасса, маҳсулоти тайёр аз орду гандум ва маводи дигари ғизоӣ ворид гардидааст.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати минбаъд густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ байни ду кишвари ба ҳам дӯст, ба вижа бо вилояти Хуросони Разавӣ омодагии худро баён доштанд.