Навиди Вазорат



Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором

.

Муҳтарам ҷаноби Раис,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Пеш аз ҳама мехоҳам ба Ҳукумати Ҷопон барои ташкили ин Ҳамоиш самимона изҳори сипос намоям.

Боиси қаноатмандист, ки Ҳамоиши имрӯза мавзӯи “Об барои рушди устувор: Таҷрибаи пешқадам ва насли оянда” – ро ҳадафи худ қарор додааст.

Соли  2007 дар шаҳри зебои Беппу дар Саммити нахустини оби Осиё ва Уқёнуси Ором ман иброз дошта будам, ки “... равандҳои рушди ҷаҳонӣ чунинанд, ки арзиши об метавонад аз арзиши нафт, газ, ангишт ва дигар захираҳое, ки барои рушди устувори ҳар як мамлакат ва минтақа заруранд, боло равад”.

Бо гузашти давраи қариб понздаҳсолаи рушд таҳлилҳо дурустии ин гуфтаҳоро дар ҳақиқат собит менамоянд.

Воқеиятҳои ин давра, боис гаштанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи худро ба  мушкилоти вобаста ба об тақвият бахшида, ҷанбаҳои гуногуни ҳалли онҳоро ба рӯзномаи Ҳадафҳои Рушди Устувор ворид намояд.

 Тоҷикистон низ тайи зиёда аз ду даҳсолаи охир ҷиҳати пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об  талошҳои зиёд ба харҷ дода,  дар ин раванд саҳми муносиб дорад.

Бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳашт қатъномаро қабул карда, кишвари мо чандин маротиба мизбони ҳамоишҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ оид ба баррасии масъалаҳои муҳими об гардид.

Дар ин зимн, бо ташаббуси кишвари мо Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз ҷумла соли 2016 Қатъномаро дар хусуси  Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 қабул кард.

Меҳвари талошҳои онро такон ва суръати тоза бахшидан ба амалҳо дар соҳаи об бо мақсади ноил гаштан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор ташкил медиҳанд.

Ҳозирини гиромӣ,

Ҳадафи рушди устувор худ таъмини зиндагии шоиста барои насли оянда мебошад.

Аммо, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо он суръату талошҳое, ки мо имрӯз дорем, расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, бахусус дар қисмати об, хеле мушкил мебошад.

Мутаассифона, таҳдидҳову хатарҳои муосир, аз ҷумла мушкилоти тағйирёбии иқлим, ин равандро ба таври ҷиддӣ халалдор кардаанд.

Чунин ҳолат таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд, зеро таъсири он ба захираҳои об, бахусус пиряхҳо, бисер возеҳ ва нигаронкунанда мебошад.

Тоҷикистон низ зери таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар чанд даҳсолаи охир зиёда аз як ҳазор пиряхи худро аз даст дода, ҳамасола аз селу обхезиҳои зиёд ва хушксоливу камобӣ, ки марбути ин раванданд, хисороти зиёди моливу ҷонӣ мебинад.

Мусаллам аст, ки захираҳои об дар мутобиқшавӣ ва устуворият ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим нақши калидӣ доранд.

Дар ин замина, Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли Пешвоёни Эътилофи обу иқлим ҷиҳати пешбурди ҳамгироишудаи масъалаҳои обу иқлим дар рӯзномаи ҷаҳонӣ саъй менамояд.

Дар доираи ин раванд аз ҷумла мо пешниҳод намудем, ки соли 2025 Соли ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин масъала суръат бахшида шаванд.

Нуктаи муҳими дигар гирифтани ӯҳдадорӣ ва анҷоми амалҳои мушаххаси ҳадафмандона дар ин ҷода мебошад.

 Ба ин хотир Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори Даҳсолаи нави амал “Об барои рушди устувор”   “Раванди оби Душанбе”-ро оғоз бахшида, соли 2018 Конфронси нахустини сатҳи баландро оид ба Даҳсола доир намуд ва баргузории Конфронси навбатии онро аз 6-ум то 9-ми июни соли ҷорӣ дар назар дорад.

Конфронси дуюми Душанбе ҳамчун ҳалқаи асосӣ барои пайвастани занҷираи чорабиниҳои гуногуни ҷаҳонӣ, аз ҷумла Саммити имрӯза хизмат хоҳад карда, дар раванди омодагӣ ба Конфронси соли ояндаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об нақши калидӣ хоҳад дошт.

Мавриди зикр аст, ки Конфронси соли 2023 дар Ню-Йорк, ки зери ҳамраисии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерландия сурат хоҳад гирифт, баъд аз қариб панҷоҳ соли нахустин Конфронси оби соли 1977-и Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.

Зимнан, интизориҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин ҳамоиши ҷаҳонӣ дар соҳаи об хеле зиёд аст ва кишварҳои мо тавассути омодагирии фарогиру ҳамаҷониба саъй карда истодаанд, то Конфронси мазкурро дар воқеъ натиҷаовар гардонанд.

Итминон дорам, ки дар татбиқи ин масъулияти бузург ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, минҷумла кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, моро дастгирӣ хоҳанд кард.     

 Бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи  иштирокчиёни Саммити кунуниро ба Конфронси Душанбе ва гузоштани саҳми муносиб ба раванди омодагирӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид даъват менамоям.

Муҳтарам иштирокчиён,

Дар фарҷом мехоҳам таъкид намоям, ки дар ин раванд мо якҷо бо кишварҳои шарик минбаъд низ пешсафиву иродати сиёсии худро фаъолона идома хоҳем дод.

Барои таваҷҷуҳатон сипосгузорам!

http://president.tj/ru/node/28254