Силсилаи вохӯриҳо бо намояндагони Бонки Осиёи Рушд
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии муовини аввали Вазир Неъматҷон Буриев бо мутахассиси департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки Осиёии Рушд хонум Приянка Суд баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои мухталифи ҳамкориҳои самарабахш миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд, ҳамчунин, мулоҳизаҳо оид ба фаъолияти Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, фаъол намудани ҳамкории Марказ бо вазорату идораҳои соҳавӣ, имконияти татбиқи якчанд лоиҳаҳои сармоягузорӣ, аз ҷумла лоиҳаҳо вобаста ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
24 ноябри соли 2014 муовини Вазир Гулрӯ Қаюмова бо ҳайати намояндагони Бонки Осиёии Рушд хонум Тамара Ковзиридзе ва Фаррух Султонов мулоқот анчом дод. Дар вохӯрии мазкур масоили рушди саноатии кишвар, инкишофи минбаъдаи бахши саноатӣ ва нақши он дар диверсификатсияи рушд, робитаи он ба коркард, содирот ва шуғл, ҳамчунин имконият ва масъалаҳои ҷойдошта баррасӣ гардиданд.
Дар анҷоми мулоқотҳои суратгирифта ҷонибҳо ҷиҳати минбаъд густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Бонки Осиёии Рушд омодагии худро баён доштанд.