Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд барои дастгирии соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ баён намуд
4 июни соли 2022 ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Президенти Гурӯҳи БИР доктор Муҳаммад ал Ҷассер дар шаҳри Шарм-эл-Шейхи Ҷумҳурии Арабии Миср вохӯрӣ намуд.
Завқизода З. А. қайд кард, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳо бо шарикони рушд, ба хусус бо Гурӯҳи БИР барои таъмини рушди иқтисоди миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи БИР, рафти амалишавии лоиҳаҳои он, ҷалби маблағҳои имтиёзнок вобаста ба таъсири омилҳои берунӣ ва нақшаи зиддибуҳронии ҳукумати ҷумҳурӣ, лоиҳаҳои нави афзалиятнок дар асоси ҳадафҳои рушди кишвар, афзоиши сармояи умумии Бонк ва дурнамои ҳамкориҳои миёнамуҳлат мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар робита ба ин Завқизода З. А. аз Президенти Гурӯҳи БИР дархост намуд, ки маблағгузориҳо ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ вобаста ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, инчунин ноил гардидан ба ҳадафу афзалиятҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ, рушди иқтисоди сабз, бахусус сохтмони иқтидорҳои нави энергетикӣ, иқтисоди рақамӣ, саноатикунонӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва тақвияти иқтидори содиротӣ зиёд карда шаванд.
Дар навбати худ Президенти Гурӯҳи БИР омодагии худро барои зиёд намудани маблағгузории лоиҳаҳо дар самтҳои қайдгардида, инчунин тақвияти ҳамкориҳои минбаъда баён намуд.
Илова бар ин аз Президенти Гурӯҳи БИР даъват ба амал оварда шуд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварад, ки хуш пазируфта шуд.
Қайд бояд кард, ки то имрӯз аз ҷониби Гурӯҳи БИР 86 лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 641 млн. доллар дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шуда, айни замон 23 лоиҳа ба маблағи 285 млн. доллар амалӣ мегарданд.