Ҳайати Мушовараи Вазорат
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи Ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорат дар соли 2014 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2015 баргузор гардид.
Дар ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдо, муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ, инчунин сарварони муассисаҳои тобеи Вазорат ширкат варзиданд.
Ҷаласаи Ҳайати мушовараро бо сухани муқаддимавӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода оғоз намуда, сипас, оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорат дар соли 2014 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2015 муовини аввали Вазир Неъматулло Ҳикматуллозода маърӯза намуд.
Дар аснои музокира оид ба мушкилоти ҷойдошта ва роҳи ҳалли онҳо муовинони Вазири рушди иқтисод ва савдо С.Назриев ва У.Давлатзод, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ З.Кенҷаев, С.Ҳомидов, М.Сайфиев ва Т.Маликов баромад карданд. Оид ба фаъолияти анҷомдодаашон, ҳамчунин роҳбарони муассисаҳои тобеи Вазорат- сарвари ММПИ Ҷ.Қурбонов, роҳбарони МОИ «Суғд» Ф.Алимов ва МОИ «Панҷ» Ҳ.Маҳмадаминов, муовинони роҳбарони МОИ «Данғара» С.Тайфуров ва МОИ «Ишкошим» Ш.Қадамшоев дар назди ҳозирин ҳисобот доданд.
Дар охир ҷаласаи Ҳайати мушовара оид ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуд