Мулоқоти Вазир бо ноиби Президенти JICA
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир Неъматулло Ҳикматулозода бо ноиби Президенти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) ҷаноби Киёши Кодера баргузор гардид.
Дар оғози вохӯрӣ ҷаноби Киёши Кодера Неъматулло Ҳикматуллозодаро барои ба мансаби Вазири рушди иқтисод ва савдо таъин шудан табрик намуда, сипас, аз мақсади мулоқоташ, ки баррасии фаъолияти JICA дар Тоҷикистон ва таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисоди кишвар мебошад, ибрози назар намуд.
Вазири рушди иқтисод ва савдо Н.Ҳикматуллозода дар навбати худ аз густариши ҳамкории судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон, алалхусус дар самти Агентӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан муфид, таҳияи Стратегияи нави JICA барои Тоҷикистон, вазъи иқтисоди кишвар ва омилҳои рушди устувори он, робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва татбиқи барномаҳои муштарак аз мавзуъҳои дигари мулоқоти дуҷониба буданд.