Навиди Вазорат



Маҷлиси ботантана бахшида ба таҷлили 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

5 сентябри соли 2022 ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомадро вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо фарорасии ҷашни фархунда - Истиқлоли давлатӣ самимона табрику таҳният намуд. Баъдан риштаи суханро ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ муҳтарам Ҳикматуллозода Неъматулло доданд.

Ҳикматуллозода Неъматулло роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои вазоратро ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният намуда, аз дастовардҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ ва саҳми назарраси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ, таъмини сулҳу субот ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ суханронӣ намуд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло ба як қатор кормандони вазорат мукофотҳои давлатиро, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд, супорид.

Ҳамин тариқ Мушовири Вазорати рушди иктисод ва савдо Давлатов Матлубхон Султонович бо медали ҷашнии 20-солагии Созмони Ҳамкории Шанхай ва сардори Сарраёсати рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёти вазорат Аҳадзода Баҳодур бо медали Хизмати шоиста сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон қайд гардид, ки рӯзи 25 августи соли 2022 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муовини сардори Раёсати котибот-сардори Шуъбаи умумӣ Ҷалилзода Дилафрӯз Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Дар интиҳои ҷамъомад бори дигар Завқизода З. А. бо камоли эҳтиром ба Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро табрику таҳният намуда, дар ҳаёти шахсӣ бахту саодат ва дар фаъолияти корӣ пешравию комёбиҳо таманно намуд.

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное