Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Директори минтақавии Бонки Исломии Рушд дар Осиёи Марказӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

7 сентябри соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Директори минтақавии Бонки Исломии Рушд (БИР) дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БИР, ҳолати татбиқшавии лоиҳаҳои амаликунандаи БИР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар 4 ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷалби маблағҳои имтиёзнок вобаста ба лоиҳаҳои нави афзалиятнок, зиёд кардани сармояи умумии БИР ва дурнамои ҳамкориҳои миёнамуҳлат мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Завқизода З. А. аз Директори минтақавии Бонки Исломии Рушд дархост намуд, ки ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати санитария ва таъмини об дар ноҳияи Панҷ аз ҳисоби лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар 4 ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон» мусоидат намоянд, ки хуш пазируфта шуд.

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное