Навиди Вазорат



Вохӯрии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо бо ҳайати вилояти Свердловски Федератсияи Россия

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

15 сентябри соли 2022 вохӯрии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо ҳайати вилояти Свердловски Федератсияи Россия бо роҳбарии Муовини раиси вилояти номбурда Козлов Василий Валеревич ва Вазири ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии вилоят Ярин Вячеслав Юревич баргузор гардид.

Абдураҳмонзода А.С. қайд намуд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи раҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Владимирович Путин ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар сол ба сол рушд ёфта, ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

Дар робита ба ин қайд гардид, ки дар моҳҳои январ-июли соли 2022 гардиши савдо байни ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 41,8 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон ҷонибҳо таъкид намуданд, ки новобаста аз сатҳи хуби ҳамкориҳои кунунӣ байни ду кишвар имкониятҳои зиёди истифоданашуда мавҷуд мебошад.

Вобаста ба ин зимни мулоқот, ки дар фазои созанда ва дӯстона гузашт, ҷонибҳо тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, бахусус содироти меваю сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистонро ба вилояти Свердловски Федератсияи Россия муҳокима намуданд.

Инчунин бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар - саноатикунонии босуръати Тоҷикистон ҷонибҳо ба таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз қабили корхонаҳои бофандагӣ ва коркарди ашёи хом то маҳсулоти ниҳоии тайёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса доданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное