Навиди Вазорат



Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф

.

15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф мулоқот анҷом доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба муносибат ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Покистонро баррасӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст Шаҳбоз Шарифро ба муносибати интихоб гардиданаш ба маснади олии Сарвазири кишвари дӯсти Покистон табрик гуфта, дар фаъолияти сермасъули давлатиашон комёбиҳо орзу намуданд.

Дар баробари ин Пешвои миллат бинобар обхезиҳои фоҷеабору харобиовар дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Сарвазир ва тамоми мардуми бародари он кишвар ҳамдардӣ ва тасаллиёти самимии худро иброз намуданд.

Дар ин зимн Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон сипоси амиқи худ ва мардуми кишварашро ба ҷониби Тоҷикистон барои расонидани кумаки башарӣ изҳор намуданд.

Дар рафти суҳбат Президенти мамлакат таъкид карданд, ки таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои созанда бо Покистон аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон ба шумор меравад.

Рушди бомароми ҳамкориҳо дар тули 30 соли баъд аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ дар арсаҳои сиёсӣ, соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва амниятӣ мавриди зикр қарор гирифт.

Дар заминаи робитаҳо дар бахшҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсия вусъати татбиқи тарҳҳои вобаста ба пайвасти шабакаҳои энергетикӣ ва нақлиётӣ, аз ҷумла САSA-1000 ва баромад ба бандарҳои Покистон ба манфиати ду кишвар хонда шуд.

Бо дарназардошти таҷрибаи ғании Покистон, ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон барои таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди нахи пахта, пашму пӯст то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, коркарди сангҳои мармару хоро ва истеҳсоли шишаи сохтмонӣ изҳор карда шуд.

Бештар фаъол гардидани абзорҳои дуҷониба, аз ҷумла Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, Шӯрои муштараки соҳибкорон, Форуми соҳибкории Тоҷикистону Покистон ба манфиати кор дониста шуд.

Меҳвари шарикии ду кишвар дар соҳаи таъмини амният пеш аз ҳама ҳамкорӣ дар масъалаҳои муқовимат ба терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир ва зуҳуроти дигари ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ ва хатару таҳдидҳои глобалӣ арзёбӣ гардиданд.

Зимни мулоқот ду ҷониб ҳамзамон дар робита ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, бахусус вазъи имрӯзаи Афғонистон табодули назар анҷом доданд.

Сарвазири Покистон Пешвои миллатро бо сафари расмӣ ба кишвараш даъват намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон низ Шаҳбоз Шарифро ҷиҳати анҷом додани боздиди расмӣ аз Тоҷикистон даъват намуданд.

Мулоқот дар фазои дӯстона, ҳусни тафоҳум ва эътимоди байниҳамдигарӣ сурат гирифт.

http://president.tj/ru/node/29136