Навиди Вазорат



Мулоқот бо аҳли маорифи пойтахт дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

.

27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи биноҳои нави Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар арафаи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ бо устодону донишҷёни донишкада ва аҳли маорифи пойтахт мулоқот карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи ҳозиринро ба муносибати ифтитоҳи биноҳои нави таълимии Донишкада ва ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола 5 октябр дар кишвар таҷлил мегардад, табрик гуфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба зарурати қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ”, Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 ва тақвияту таҳкими мақоми забони давлатӣ андешаронӣ карданд.

Таъкид гардид, ки забони ширину шевои тоҷикӣ муҳимтарин унсури ҳастӣ ва бақои умри миллати куҳанбунёди мо мебошад, ки дар даврони истиқлол ва дар марҳалаи бунёди давлатдории миллӣ рисолати миллатсозиву давлатсозии худро бо рангу ҷилои тоза идома бахшида истодааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки забони давлатӣ дар Тоҷикистон зери ҳимояву пуштибонии мустақими давлат қарор дошта, барои рушду пешрафти он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар ҳамаи шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд.

Воқеан, ҳамин забон аст, ки миллати тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо таъриху фарҳанги камназири худро тавассути он навишта ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.

Ба андешаи Сарвари давлат забон дар раванди барпо кардани давлати миллӣ ҳамчун унсури аввалия ва рукни бунёдии давлатдорӣ нақши ниҳоят муҳим ва сарнавиштсоз дорад.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба талошу ташаббусҳои созандаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати таъмин намудани шароити мусоиди таълиму тарбия ва зиндагии шоистаи наврасону ҷавонон, аз ҷумла бунёди иншооти нави таълимӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ ва қабули барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф андешаронӣ карданд.

Бунёд кардану ба истифода додани биноҳои нави таълимии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода барои омода намудани мутахассисони донандаи забонҳои хориҷӣ далели возеҳи дастгирии Ҳукумати мамлакат мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки ҳоло хатмкардагони донишкада дар ҳама гӯшаву канори мамлакат ва берун аз он, аз ҷумла дар Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, инчунин, дар сафоратҳои Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ муваффақона фаъолият карда истодаанд.

Вазорати маориф ва илм, Донишкадаи давлатии забонҳо ва факултаҳои забономӯзии ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷиҳати ташкили шароити боз ҳам арзандаи забономӯзии наврасону ҷавонон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифадор шуданд.

Сарвари давлат дастур доданд, ки омӯзиши забон, таърих, фарҳанг ва ҷуғрофияи Тоҷикистон дар муассисаҳои ҳамаи шаклҳои таҳсилот, ки таълимашон ба забони ақаллиятҳои миллӣ мебошад, васеъ ба роҳ монда шавад.

Вобаста ба зарурати таъсиси маркази алоҳидаи тарҷума ва баргардони асари илмиву бадеӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки масъалаи таъсиси Маркази миллии тарҷумаи назди Ҳукумати Тоҷикистонро баррасӣ карда, дар муҳлати се моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро таҳия ва тасдиқ намояд.

Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ масъалаи таълими забонҳои хориҷиро таҳти таваҷҷуҳи хосса қарор дода, ҷиҳати такмили омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои чанд марҳала барномаҳои давлатӣ қабул намуд. Ҳоло татбиқи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030, ки иҷрои он аз моҳи январи соли 2021 шуруъ гардидааст, идома дорад.

Роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳо аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки дар самти ба талабот ва стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани сифати таълим ва сатҳи дониши донишҷӯён тадбирҳои доимӣ ва муассир андешанд.

Ҳамчунин роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вазифадор гардиданд, ки дар ҷараёни таълим истифодаи технологияи итилоотиву коммуникатсиониро васеъ ба роҳ монанд, таҷрибаи байналмилалиро омӯзанд ва нақшаву барномаҳои таълимиро ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилот ва бозори дохиливу хориҷии меҳнат мутобиқ гардонанд.

Таъкид гардид, ки олимони моро зарур аст, ки барои ҳамқадами замон гардонидани забони тоҷикӣ ва ба пояи баланди забони илм расонидани он кӯшиш намоянд ва барои ифодаи мафҳумҳои навтарини илму техника аз ҳамаи имкониятҳои забони тоҷикӣ бодиққат ва боэҳтиёт истифода баранд.

Миллати тоҷик дорои арзишҳо ва расму ойинҳои ғановатманду рангоранг, анъана ва собиқаи бузурги таърихӣ буда, дар рушди илму маориф, таълиму тарбия ва фарҳангу маънавиёти умумибашарӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми назаррас гузоштааст.

Бинобар ин, дастур дода шуд, ки дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо мақсади ба камол расонидани наслҳои ояндасози ватандӯсту ватанпараст ба омӯзонидани арзишҳои таърихиву фарҳангии халқамон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардад.

Илму маориф асоси устувори пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат буда, ҷомеа танҳо бо роҳи таъмин намудани рушди ин соҳаҳо ба ҳадафҳои созандаи худ ноил мегардад. Бинобар ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, дар рӯҳияи эҳтиром ба забон, фарҳанг, расму ойин ва дигар арзишҳои миллӣ, муқаддасоти давлати соҳибистиқлол ва ахлоқи ҳамида тарбия кардани насли наврас беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти шароити муҳайёгардида ва бо мақсади рушду инкишофи боз ҳам бештари фаъолияти илмиву таълимии муассиса дар самти омода намудани мутахассисони баландпояи донандаи якчанд забони хориҷӣ пешниҳод намуданд, ки номи донишкада ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии ба номи Сотим Улуғзода табдил дода шавад.

Ба Вазорати маориф ва илм ва дигар вазорату идораҳо дастур дода шуд, ки дар муддати 3 моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро доир ба ин масъала таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устодону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо андешаҳои ҷолиб ва пешниҳодҳо баромад карданд.

http://president.tj/ru/node/29179