Навиди Вазорат



Мулоқоти Гурӯҳи кории Тоҷикистон оид ба шомилшавӣ ба Низоми GSP+ бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид

.

Рӯзи 5 октябри соли 2022 бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин мулоқоти Гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шомилшавӣ ба Низоми умумии бархурдории тиҷорати Иттиҳоди Аврупо (Низоми GSP+) бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки дар асоси супориш ва роҳнамоиҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, бахусус бо давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ба марҳилаи сифатан нав баромадааст.

Ин ҳамкориҳо дар асоси як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дуҷониба, аз ҷумла Созишнома дар бораи савдо ва ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ вобаста ба кӯмакҳои молиявию техникӣ, инчунин Созишнома оид ба шарикӣ ва ҳамкорӣ (PCA) ба танзим дароварда шудааст.  

Таъкид гардид, ки дар қатори дигар соҳаҳо робитаҳои тиҷоратӣ низ яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо маҳсуб меёбад.

Гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соли 2021 436,5 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2020 150,4 млн. доллар ё 52,6 фоиз зиёд мебошад. Ҳиссаи гардиши савдои хориҷӣ бо Иттиҳоди Аврупо дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 6,9 фоизро ташкил дод.

Ҳамзамон дар доираи мулоқот масъалаи тезонидани раванди шомилшавӣ ба Низоми GSP+, аз ҷумла иҷрои муқаррароти Конвенсия ва протоколҳои байналмилалие, ки ҳамчун талаботи шомилшавӣ ба ин Низом маҳсуб мегардад, мавриди баррасии тарафҳо қарор дода шуд.

Қайд бояд кард, ки дар сурати ворид гардидани Тоҷикистон ба Низоми GSP+ соҳибкорон ва содиркунандагони кишвари мо имконияти содироти зиёда аз 6ооо номгӯи молу маҳсулоти ватаниро ба бозорҳои кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бе пардохти боҷҳои воридотӣ ба даст меоранд.