Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид, бо иштироки муовини сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқаддасзода Фирдавс Муқаддас, муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони муассисаҳои зертобеъ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ ҷаласаи васеи Ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар нуҳ моҳи соли 2022 ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ баргузор гардид.
Вобаста ба масъала аз ҷониби муовини Вазир Восидиён Фарҳод Саъдулло гузориши муфассал тариқи рӯнамо пешниҳод карда шуд.
Аз ҷониби Солеҳзода А. А. ҷиҳати иҷрои пурра ва саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои низомномавии вазорат, инчунин бартараф намудани камбудиву норасоиҳо ва боз ҳам беҳтар кардани фаъолият то охири соли 2022 ба масъулин супоришҳо дода шуд.
Дар охири ҷаласа вобаста ба масъала аз ҷониби Муқаддасзода Ф. низ муҳокимаронӣ карда шуд.
Зимни баррасии масъала аз ҷониби роҳбарони сохторҳои дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои зертобеи вазорат оид ба фаъолияташон дар ин давра ҳисобот пешниҳод карда шуд. Дар охири ҷаласаи Ҳайати мушовара доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардидаанд.