Иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ
28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД), ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок карданд.
Дар кори иҷлосия ҳамчунин Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас иштирок намуданд.
Сарони кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ гузориши Дабири кулли созмонро дар бораи натиҷаи кори Ҳайати Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар Ҷумҳурии Арманистон аз 15 то 24 сентябри соли 2022 шуниданд.
Дар рафти иҷлосия аҳамияти таҳкими тадбирҳои сиёсӣ ва дипломатӣ барои ба эътидол овардани вазъ ва беҳбуди вазъият дар минтақаи амнияти дастҷамъӣ дар Қафқоз, аз ҷумла дар асоси изҳороти сеҷонибаи сарони давлатҳои Русия, Арманистон ва Озарбойҷон таъкид шуд.
Дар суханронии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон азми Тоҷикистонро барои идомаи риояи уҳдадориҳои шарикии худ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ бори дигар таъкид карда, зарурати андешидани тадбирҳои муассирро дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ барои рушди минбаъдаи низоми вокуниш ба бӯҳрон зикр намуданд.
Аз рӯи натиҷаҳои иҷлосия сарони давлатҳо ба Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ дастур доданд, ки кор дар самти татбиқи тадбирҳои мусоидат ба Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар ба эътидол овардани вазъ дар марзи Арманистону Озарбойҷонро идома диҳад.
http://president.tj/ru/node/29443