Навиди Вазорат



Вохӯрӣ бо роҳбарияти Донишгоҳи Кочи

.

Дар раванди ташриф ба префектураи Кочи Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид бо Ректор ҷаноби Сакураи Катсутоши ва ҳайати роҳбарикунандаи донишгоҳи Кочи мулоқот анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки саҳми донишгоҳи мазкур дар таҳия ва арзёбии Барномаи стратегии рушди саноати префектураи Кочи ва омода кардани кадрҳои навовар дар самти рушд, саноату кишоварзии муосир калон мебошад.

Муовини ректор ҷаноби Укеда Хироюки дар рӯнамои худ усулҳо ва методологияи дарёфти сарчашмаҳои нави рушди минтақаро дар 10-15 соли охир ва рушди низоми омода кардани мутахассисонро ба ҳозирин пешкаш кард.

Таъкид шуд ки дар оянда ҳамкорихо дар самти омода намудани кадрҳои навовар, бахусус мутахассисони рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ ба роҳ монда шавад.

Дар анҷоми вохӯрӣ, аз ҷониби Солеҳзода А. А. ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни донишгоҳи мазкур бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор гардид.