Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Баррасии ҳамкориҳо бо Ҳишам Маъруф

.

17 марти соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Директори минтақавии Бонки Исломии Рушд дар шаҳри Алмаато оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҷаноби Ҳишам Маъруф доир гардид.

Дар оғоз Директори минтақавии Бонки Исломии Рушд дар шаҳри Алмаато оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҷаноби Ҳишам Маъруф Неъматулло Ҳикматуллозодаро барои таъйин шуданаш ба вазифаи Вазири рушди иқтисод ва савдо табрику муборакбод намуда, изҳори итминон намуд, ки дар оянда низ ҳамкории Вазорат бо ниҳоди мазкур ривоҷ хоҳанд ёфт.

Неъматулло Ҳикматуллозода дар навбати худ барои табрикот ва робитаҳои гуногунҷанбаи ҷониби Бонки Исломии Рушд дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо атрофи нақшаю барномаҳо ва татбиқи лоиҳаҳо аз ҷониби Бонки мазкур дар бахшҳои иқтисод ва тиҷорат, энергетика, рушди соҳаҳои воқеии иқтисод, кишоварзӣ ва дигар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ мубодилаи афкори судманд намуданд.