Навиди Вазорат



Шиносоӣ оид ба коргузорӣ дар самти ташкили гармхонаҳо дар Япония

.

1 ноябри соли ҷорӣ дар идомаи сафари корӣ муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид аз корхонаи парвариши помидор ва қаламфур дар гармхонаи муосири рақамӣ «Shimanto Tomato Co.,Ltd» дидан намуд.

Корхонаи мазкур дар провинсияи Коти дар асоси таҷрибаи дастгирии давлатии корхонаҳои кишоварзии муосир ташкил ёфтааст. Дар корхона барномаи махсуси рақамӣ барои идораи парвариши растанӣ ва гирифтани ҳосил истифода мешавад.

Маҳсулоти корхона андозабандӣ ва бастабандӣ шуда ба мизоҷон ирсол карда мешавад.