Навиди Вазорат



Иштироки Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар ҷаласаи 17-уми Шӯрои роҳбарикунандаи Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ

.

Рӯзи 18 ноябри соли 2022 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи 17-уми Шӯрои роҳбарикунандаи Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Маркази (СПЕКА) бо иштироки намояндагони кишварҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, инчунин Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором ва Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо баргузор гардид, ки дар кори он Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо - Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар доираи ҷаласаи Шӯрои роҳбарикунанда масъалаҳо вобаста ба таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар доираи СПЕКА, аз ҷумла таъсиси Фонд ва Котиботи СПЕКА, рушди муносибатҳои бисёрҷониба дар самти иқтисоди сабз ва ҳифзи муҳити зист мавриди баррасии кишварҳои аъзо қарор дода шуданд.

Роҳбари ҳайати кишвар дар ҷаласаи қайдгардида тақвияти ҳамкориҳои муштаракро байни кишварҳои СПЕКА дар самтҳои иқтисоди сабз, савдои электронӣ, содагардонии расмиёти савдо бо кишварҳои минтақа зарур шуморида, таъсис додани Фонд ва Котиботи СПЕКА-ро иқдоми хуб арзёбӣ карда, дар робита ба он мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо назардошти манфиатҳои иқтисодии кишварамон пешниҳод намуд, ки аз ҷониби кишварҳо пазируфта шуд.

Ҳамзамон қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба мавзӯҳои иқтисоди сабз, бахусус ҳифзи муҳити зист ва масъалаҳои марбути экологӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Аз ҷумла изҳор карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 3 марти соли 2021 дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои обу иқлим суханронӣ намуда, пешниҳод карданд, ки соли 2025-ум “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон карда шавад.

Дар охири чорабинӣ Шӯрои роҳбарикунанда ҳамчун мақоми олии СПЕКА дар робита ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо қарорҳои дахлдорро қабул намуд.