Таҳкими ҳамкориҳо бо БОР
30 марти соли 2015 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо, Умед Давлатзод бо Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Си Си Ю доир гардид.
Дар рафти мулоқот бо Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Си Си Ю атрофи нақшаю барномаҳо ва татбиқи лоиҳаҳо аз ҷониби Бонки мазкур дар бахшҳои иқтисод ва тиҷорат, рушди соҳаҳои воқеии иқтисод ва дигар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.
Дар интиҳо, ҷонибҳо доир ба «Стратегияи шарикии Бонки Осиёии Рушд ва Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» , ки дар ҳоли таҳия қарор дорад, табодули афкор намуданд.