Ҷаласаи Гуруҳи корӣ
31-уми марти соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо дастгирии БРСММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи панҷуми Гурӯҳи корӣ доир ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии кор ҷиҳати татбиқи Нақша-чорабиниҳо оид ба такмил ва рушди савдо, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ” таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назриев баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои байналмилалӣ ва бахши хусусӣ иштирок намуданд. Дар аснои чорабинӣ масъалаҳои иҷроиши Нақша-чорабиниҳо ва баррасии рафти иҷрои қарори Гуруҳи корӣ оид ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонуние, ки дар соли 2015 ба нақша гирифта мешаванд ва аз талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ” бар меоянд, инчунин таъсис ва ташаккули манбаи иттилоотии маълумот ва феҳристи марказонидашудаи савдо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Аз рӯи натиҷаи ҷаласа, инчунин қарор оид ба тасдиқи чорабиниҳои Гуруҳи кории байни идоравӣ вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ” барои нимсолаи аввали соли 2015 қабул карда шуд. Мақсади асосии қабул ва татбиқи қонуни мазкур фароҳам овардани шароити шаффофи ҳуқуқӣ барои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи савдо, хӯроки умумӣ ва хизматрасониҳои маишӣ, муҳайё кардани фазоии мусоид барои рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна, ҷалби сармоя бо мақсади рушди минбаъда ва такмили савдо, инчунин хӯроки умумӣ дар кишвар, танзими давлатии масъалаҳои масъулиятнокӣ, баланд бардоштани сифати молу маҳсулоти фурӯхташаванда, сифат ва хизматрасонӣ дар савдо ва хизматрасонии маишии аҳолии кишвар мебошад.
Чорабинии мазкур дар асоси Созишномаи дутарафа байни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва БРСММ дар доираи лоиҳаи минтақавии “Аврупои фарох: Мусоидати савдо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ” ташкил карда шуд.
Дар доираи ташаббуси мазкур БРСММ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори мутахассисони вазорату идораҳои марбутаи кишвар мусоидат карда, саъю кушишро ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории шарикон дар татбиқ ва такмили қонунгузории кишвар дар соҳаи савдо дастгирӣ менамояд.