Вохӯрии Вазир бо Хаген Эттнер
9 апрели соли 2015 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Директори Барномаи «Шароити чорчубавӣ ва маблағгузории рушди бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаноби Хаген Эттнер сурат гирифт.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла, муҳокимаи масъалаҳо роҷеъ ба тамдид намудани муҳлати фаъолияти Барномаи «Шароити чорчубавӣ ва маблағгузории рушди бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон мубодилаи афкори судманд намуданд.