Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Нахустин ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ

.

«Таҳияи лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳти чунин унвон 8 майи соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Гурӯҳи кории зинаи дуюм бо иштироки муовинони роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи кишвар баргузор гардид. 

Чорабинии мазкурро роҳбари Гурӯҳи корӣ -Вазири рушди иқтисод ва савдо, Неъматулло Ҳикматуллозода бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ намуд.

Сипас, дар аснои ҷаласа масъалаҳои мавриди назар, аз ҷумла лоиҳаи сохтори Стратегияи мазкур, масъулини бахшҳо аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор ва коршиносони миллию байналмилалӣ мавриди баррасии амиқ қарор гирифт.

Дар интиҳо намояндагони вазорату идораҳои дахлдор роҷеъ ба мавзуъҳои матраҳгардида фикру андешаҳои худро баён доштанд.