Иштирок дар Саммити якуми сарони кишварҳои “Чин-Осиёи Марказӣ”
19 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин дар кори Саммити якуми сарони кишварҳои “Чин-Осиёи Марказӣ” иштирок ва суханронӣ карданд.
Саммит бо истиқболи самимии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ва маросими аксбардории хотиравии иштирокдорон оғоз гардид.
Кори Саммити якуми “Чин-Осиёи Марказиро” бо сухани муқаддимавӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ифтитоҳ карданд.
Зимни суханронии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар ҳамаи масъалаҳои рушди кишварҳо пешниҳод карданд, ки Чин барои пурзӯр намудани институтикунониии минбаъдаи ин сиғаи ҳамкорӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Ба ин мақсад, ӯ изҳор намуд, ки ҷониби Чин барои татбиқи минбаъдаи барномаю лоиҳаҳо дар чаҳорчӯбаи ин ҳамоиш 26 миллиард Юан ҷудо хоҳад намуд.
Роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ зимни суханронии худ доир ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи ҷаласа ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои судманди давлатҳои ҳамоиш як қатор пешниҳодҳо намуданд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ҷиҳати дар сатҳи баланди тадорукотӣ ташкил кардани Саммити якуми “Чин-Осиёи Марказӣ” ва истиқболи гарму меҳмоннавозии анъанавӣ изҳори сипос намуданд.
Таъкид гардид, ки дар шаҳри таърихии Сиан баргузор шудани ҳамоиш бисёр рамзӣ мебошад, зеро Роҳи бузурги абрешим маҳз аз ҳамин ҷо сарчашма гирифта, дар замони мо рушду эҳё меёбад ва барои ба ҳам наздик шудани кишварҳову мардумони мо хизмат мерасонад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба вазъи мураккабу зудтағйирёбандаи ҷомаеи ҷаҳонӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳо дар ҷаҳон ва минтақа иброз доштанд, ки маҳз бо дарназардошти ин ҳолат аҳамияти ҳамкор ии кишварҳо дар чаҳорчуби ҳамоиши “Чин-Осиёи Марказӣ” афзун мегардад
Дар ин росто Сарвари давлат мавқеи устувори Тоҷикистонро дар роҳи мустаҳкам кардани ҳамкории гуногунҷанба дар чаҳорчуби ҳамоиши “Чин-Осиёи Марказӣ” ҷиҳати таъмини амну субот, таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устувор таъйид карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ таъкид доштанд, ки давоми се даҳсола муносибатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар асоси усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому боварии мутақобила босуръат рушд ёфтанд. Дар ин росто мулоқот дар доираи саммити “Чин-Осиёи Марказӣ” метавонад заминаи нодир ва самараноке барои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳои мо гардад.
Зимни суханронии пурмуҳтаво Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки буҳронҳои озуқаворӣ, энергетикӣ ва иқтисодию молиявӣ, инчунин пандемияи короновирус ва тағйирёбии иқлим ба талошҳои кишварҳо дар самти рушди устувор, таъсири манфӣ мерасонад.
Пешниҳод гардид, ки рушди ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, сармоягузорӣ ва тиҷорат фаъол карда шавад.
Таъкид карда шуд, ки фазои иқтисодии Тоҷикистон барои ҳамаи соҳибкорону сармоягузорон ҳамеша кушода аст.
Тоҷикистон ба тавсеа ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ барои беҳсозии робитаҳои нақлиётию коммуникатсионӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва рақамикунонию соддагардонии тартибот дар тиҷорати байналхалқии давлатҳо, инчунин таъсиси марказҳои логистикӣ манфиатдор мебошад.
Дар кори ҳамоиш имкониятҳо дар самти тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Чин дар соҳаҳои кишоварзӣ, рақамикунонӣ, инноватсия ва “технологияи сабз”, бахши гидроэнергетика ва дигар бахшҳои судовар таъкид гардид.
Зимни баррасии масоили обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо Президенти мамлакат ба сарони кишварҳо ҷиҳати дастгирии амиқ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон изҳори сипос карданд.
Дар рафти суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба масъалаи тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангию гуманитарӣ, тандурустӣ ва сайёҳӣ ҷалб сохтанд.
Таъкид гардид, ки таъмини амнияти минтақавӣ аз мавзуъҳои мубрами кишварҳо буда, Тоҷикистон ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният, мубориза бо терроризму экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши маводи нашъаовар, диққати махсус медиҳад.
Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мавқеи устувору тағйирнопазири Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонию минтақавӣ ва рушду тавсеаи ҳамкориҳо ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки мо қабули “Эъломияи Сиан”-ро ҷонибдорӣ мекунем.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар суханронии ҷамъбастии худ чунин иброз доштанд: “Шумо Ҷаноби Президент миёни мо Сарони давлатҳо аз ҳама сиёсатмадори пуртаҷриба ба Шумор меравед, ки дар саргаҳи таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва дар саргаҳи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай истода будед.
Шумо хеле сиёсатмадори хирадманд, пуртаҷриба ва дурбин ҳастед ва дар рушди муносибатҳои дуҷониба нақши муҳим мебозед.
Пешниҳод ва андешаҳои Шумо барои мо ниҳоят муҳим мебошад”.
Бояд гуфт, ки аз руи натиҷаи кори Саммити якуми “Чин-Осиёи Марказӣ” Эъломияи Сиан қабул гардид, ки дар он масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва самтҳои асосии ҳамкориҳо байни кишварҳои ин ҳамоиш дарҷ шуданд.
Инчунин, як қатор механизмҳои бисёрҷонибаи ҳамкориҳо дар самтҳои муҳимми иҷтимоию иқтисодии рушди кишварҳои ҳамоиш қабул гардиданд.
Оид ба натиҷаҳои кори Саммити якуми “Чин-Осиёи Марказӣ” дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи хабарнигорон бо изҳорот баромад карданд.
Бо ҳамин кори Саммити якуми “Чин-Осиёи Марказӣ” ба охир расид.
Пас аз анҷоми кори Саммит Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин бо нишони таҳкиму густариши муносибатҳои ҳамкорӣ ниҳоли “дӯстӣ” шинониданд.
http://president.tj/ru/node/30716