Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон ворхӯрӣ намуд
7 июли соли 2023 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Хидаят Асадов вохӯрӣ намуда, дар рафти он густариши ҳамкориҳои иқтисодии дутарафа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Завқизода З. А. қайд намуд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев ҳамкориҳои дуҷониба пайваст рушд ёфта, ба сатҳи баланди шарикии боэътимод баромаданд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президентҳои ҳарду кишвар масъалаҳои, тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интиқоли нафти хом аз Озарбойҷон барои эҳтиёҷоти корхонаи коркарди нафти МОИ “Данғара”, ҷалби сармоя барои азнавсозии ҶСК “Ширкати Алюминийи тоҷик”, содироти алюминий, криолит ва фториди алюминий аз Тоҷикистон ба Озарбойҷон, воридоти гилхок аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, пешниҳоди тахфифҳои боркашонӣ тавассути роҳи оҳан, рушди сайёҳӣ, корҳои ҷустуҷуиву иктишофии конҳои зеризаминии Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ зиёд намудани гардиши савдои дуҷониба муҳокима намуданд.