Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти вазорат дар нимсолаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин, бо иштироки муовини якум ва муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва роҳбарони муассисаҳои зертобеъ ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти вазорат дар нимсолаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ баргузор гардид.
Ҷаласаи Ҳайати мушовара бо суханони ифтитоҳии Вазири рушди иқтисод ва савдо оғоз гардида, вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар нимсоалаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ аз ҷониби Муовини якуми Вазир – Солеҳзода А.А. гузориши муфассал дода шуд.
Завқизода З. А. ҷиҳати иҷрои пурра ва самараноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои низомномавии вазорат, инчунин бо мақсади бартараф намудани камбудиву норасоиҳо ва бозҳам беҳтар кардани фаъолият дар нимсолаи дуюми соли 2023 ба масъулин супоришҳо дод.
Ҳамзамон аз ҷониби сардорони раёсатҳо ва муассисаҳои зертобеи вазорат дар бораи фаъолияташон ҳисобот пешниҳод карда шуд. Дар охири ҷаласаи Ҳайати мушовара доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.