Навиди Вазорат



Нишасти матбуотӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

10 августи соли 2023 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 «Дар бораи нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар нимсолаи якуми соли 2023 баргузор гардид.

Нишасти матбуотӣ бо иштироки васеи кормандони воситаҳои ахбори оммаи дохилу хориҷи кишвар (57 нафар) таҳти раёсати роҳбарияти вазорат гузаронида шуд.

Дар оғози нишаст аз ҷониби Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид вобаста ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти вазорат дар моҳҳои январ-июни соли 2023 гузориши муфассал тариқи рӯнамо пешниҳод карда шуд. Ҳамзамон барои намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба мавзӯи мавриди назар пресс-релиз бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешкаш гардид.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ аз ҷониби роҳбарият ва сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии вазорат ба суолҳои хабарнигорони воситаҳои ахбори омма оид ба масъалаҳои гуногуни вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, аз ҷумла фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, содироти навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии дар кишвар истеҳсолшаванда, коркард ва содироти ашёи хоми ватанӣ, рушди иқтисоди рақамӣ, иқтисоди сабз ва ғайра посух дода шуд.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное