Дастгирии фаъолияти соҳибкории муҳоҷирон
23 июни соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар доираи лоиҳаи «Сармоягузорӣ ва рақобатпазирӣ дар Осиёи Марказӣ», ки тавассути Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD) бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо амалӣ мегардад, дар мавзӯи «Дастгирии фаъолияти соҳибкории муҳоҷироне, ки ба Тоҷикистон баргаштаанд», семинари машваратӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳо дахлдор, бахши хусусӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.
Семинарро бо суханони ифтитоҳӣ муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назриев ва Роҳбари лоиҳа, Барномаи СҲИР ҷиҳати баланд бардоштани рақобатпазирии давлатҳои АвруОсиё Грегори Леконт оғоз намуданд.
Сипас, коршиносони байналмилалӣ С.Купфершмид, М.Рошка, Д.Руссу ва ҳамоҳангсози барнома Р.Надлер оид ба сиёсати иқтисодӣ, механизмҳо ва воситаҳои институтсионалиие, ки бо мақсади дастгирии молиявии муҳоҷирони баргашта дар мисоли Молдова амалӣ карда мешаванд, тадбирҳои самаранок ва бесамар: баррасии як қатор лоиҳаҳое, ки дар Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ амалӣ мегарданд ва тасвияҳои СҲИР вобаста ба дастгирии фаъолияти соҳибкории муҳоҷирони меҳнатие, ки ба Тоҷикистон баргаштаанд ва мониторинги он маърӯза намуданд.
Дар ҷараёни семинар байни намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ ва коршиносони байналмилалӣ вобаста ба масъалаҳои матраҳгардида саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор сурат гирифт.