Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Баррасии ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Ҷопон

.

Баррасии ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон аз мавзуъҳои асосии вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода бо Кордори Сафорати Ҷопон дар Душанбе ҷаноби Йошиширо Ҳорие маҳсуб меёфт, ки рӯзи 25 июни соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир гардид. 

Ҳангоми мулоқот, ки дар шароти ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ҷонибҳо дар атрофи рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, таъмини суботи макроиқтисодӣ, раванди ислоҳоти иқтисодӣ, татбиқ намудани барномаҳои муштарак, ҳамчунин масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва шуғли аҳолӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар интиҳои вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун баён доштанд.