ЭЪЛОН!Баргузории панели “Рушди иқтисоди «сабз», рақамикунонӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар доираи Форуми байналмиллалии сармоягузории Душанбе - 2023
29 сентябри соли 2023 дар МД “Китобхонаи милии Тоҷикистон” Форуми байналмиллалии сармоягузории Душанбе - 2023 баргузор мегардад, ки дар доираи он соати 14:00 -16:00 панели “Рушди иқтисоди «сабз», рақамикунонӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба нақша гирифта шудааст.
Дар доираи панел муаррифии Стратегияи рушди иқтисоди “сабз”, рушди иститутсионалии иқтисоди рақамӣ, рақамикунонии хизматрасонии бонкӣ дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ муаррифӣ карда мешаванд. Ҳамзамон дар кори панел маърузаҳои намояндагони хориҷӣ дар самти рақамикунонӣ аз Федератсияи Россия, Чин ва Қазоқистон пешниҳод карда мешаванд.
Мақсад аз баргузории панели мазкур ташкили шароити мусоид барои муколамаву шиносоӣ, густариши ҳамкориҳо ва дастгирии муносибатҳои байни намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва сармоягузорони хориҷӣ мебошад.