Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Фонди рушди Қатар Халифа бин Ҷосим ал-Куворӣ баргузор гардид
29 сентябри соли 2023 дар ҳошияи ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию техникӣ вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Директори иҷроияи Фонди рушди Қатар Халифа бин Ҷосим ал-Куворӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ Завқизода З.А. ба роҳбари фонди мазкур лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус маблағгузории сохтмони НБО Роғун, лоиҳаи сохтмони фурудгоҳи байналмилалии мусофиркашонию боркашонӣ (карго) дар ноҳияи Данғара, модернизатсияи ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО)-ро пешниҳод намуда, хоҳиш кард, ки фонди мазкур барои маблағгузории онҳо мусоидат намояд.
Дар навбати худ Директори иҷроияи Фонди рушди Қатар омодагии худро ҷиҳати маблағгузории сохтмони НБО Роғун баён намуд.