Навиди Вазорат



Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

  

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид, бо иштироки муовинони вазир, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони муассисаҳои зертобеъ, намояндагони тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия, Қазоқистон, Хитой, Ӯзбекистон, Туркия, Олмон (маҷозӣ) ва кормандони Дастгоҳи марказӣ ҷаласаи васеи Ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар нуҳ моҳи соли 2023 ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ баргузор гардид.

Вобаста ба масъала аз ҷониби муовини вазир Восидиён Фарҳод Саъдулло гузориши муфассал тариқи рӯнамо пешниҳод карда шуд.

Аз ҷониби Солеҳзода А. А. ҷиҳати иҷрои пурра ва саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои низомномавии вазорат, инчунин бартараф намудани камбудиву норасоиҳо ва боз ҳам беҳтар кардани фаъолият то охири соли 2023 ба масъулин супоришҳо дода шуд.

Зимни баррасии масъала аз ҷониби роҳбарони сохторҳои дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои зертобеи вазорат оид ба фаъолияташон дар ин давра ҳисобот пешниҳод карда шуд. Дар охири ҷаласаи Ҳайати мушовара доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардидаанд.