Навиди Вазорат



Ба истифода додани роҳи автомобилгарди аҳаммияти маҳаллидоштаи Муъминобод-Ғеш-Чилдухтарон

.

 

 

 

  

21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон роҳи автомобилгарди аҳамияти маҳаллидоштаи Муъминобод-Ғеш-Чилдухтаронро мавриди истифода қарор доданд.

 

Роҳи мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Заркорон» дар муддати кӯтоҳ ва мувофиқ ба меъёрҳои сохтмонии муосир бунёд гардидааст.  

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки масофаи роҳи сохташуда 12 километрро ташкил дода, корҳои сохтмонӣ бо харҷи 10 миллиону 400 ҳазор сомонӣ анҷом дода шудааст. Роҳи мазкур ба категорияи 4-уми роҳдорӣ шомил мебошад. Дар таъмиру таҷдиди роҳ асосан мутахассисон ва коргарони маҳаллӣ ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин буданд.

Роҳи автомобилгарди аҳамияти маҳаллидоштаи Муъминобод-Ғеш-Чилдухтарон барои пайваст шудан ба ноҳияҳои ҳаммарз бо ноҳияи Муъминобод мусоидат мекунад. Сохтмони роҳ махсусан сокинони маҳаллиро, ки ҳамарӯза аз он истифода мебаранд, хушҳол намуд. 

Ин роҳ ноҳияи Муъминободро ба ноҳияҳои Ховалинг, Балҷувон ва Темурмалик мепайвандад ва барои гардиши сайёҳони дохилию хориҷӣ шароити мусоидро фароҳам месозад.

Дар ҳамин ҷо инчунин лоиҳаи сохтмони қитъаи роҳи Чашмасор-Лангар, роҳҳои таворавии шаҳри Кӯлоб, сохтмони қитъаи роҳи автомобилгарди Тугарак-Шамсиддин Шоҳин муаррифӣ гардид. Махсус бояд қайд кард, ки корҳои лоиҳакашии қитъаҳои роҳи автомобилгарди Чашмасор-Лангар ва Тугарак-Шамсиддин Шоҳин пурра ба анҷом расонида шуда, дар баррасии экспертизаи давлатӣ қарор доранд.   

Табиист, ки бунёди роҳҳо ба беҳтар шудани вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва боло рафтани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат карда, мушкилоти мардумро рафъ месозад. Бо дарназардошти ҳамин нукта, Ҳукумати мамлакат, хоса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба масъалаи бунёду навсозии роҳҳо аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир мекунанд.

Дар ноҳияи баландкӯҳи Муъминобод, ки ҳамчун минтақаи сайёҳӣ шинохта мешавад, сол аз сол инфрасохтори соҳаи нақлиёт беҳтар карда мешавад, ки ин тадбир ба ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ мусоидат мекунад.

Лозим ба зикр аст, ки давоми соли равон аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Заркорон” дар чанд роҳи автомобилгарди аҳамияти маҳаллидошта корҳои сохтмонӣ ҷараён гирифта, дар маҷмӯъ аз ҷониби ин ҷамъият 20 километр роҳ асфалтпӯш карда шудааст.

 
http://prezident.tj/ru/node/31717