Маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 29-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
3 ноябри соли 2023 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи марказии Вазорат бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷамъомадро муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳуҷҷати тақдирсоз буда, барои рушду нумӯи кишвар саҳми назаррас гузоштааст.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд “Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳилаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ кард”.
Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ сардори Раёсати таъминоти ҳуқуқии вазорат – Сафарзода Баҳодур Пулод оид ба аҳаммияти бузурги Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули низоми қонунгузории кишвар баромад намуданд.
Дар анҷом Солеҳзода А. А. ҳозиринро бори дигар бо ин ҷашни муқаддас табрик намуданд.