Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Муаррифии Барномаи мутобиқгардонӣ дар вилояти Суғд

.

Бо ташаббуси бевоситаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва бо дастгирии БРСММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 июли соли 2015 дар кохи «Матбуот»-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ доир ба иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳонии савдо баргузор гардид.

Дар чорабинӣ мутахассисони бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, бахши хусусӣ, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд. Чорабиниро муовини Раиси вилояти Суғд, Анвар Яъқубӣ ифтитоҳ бахшида, баргузории ҷаласаи мазкурро бо иштироки доираи васеи намояндагони соҳаҳои мухталиф саривақтӣ ва хеле муҳим арзёбӣ намуд.

Аз номи аъзои Гурӯҳи корӣ – сардори Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Зуҳриддин Кенҷаев ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани ҷаласаи мазкур изҳори миннатдорӣ намуда, ба иштирокчиён барору муваффақият таманно намуд.

Сипас, аз ҷониби аъзои Гурӯҳи корӣ – сардори Раёсати ҳамкориҳо бо СУС-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Иноятулло Қосимов «Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар СУС»,ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014, №691 тасдиқ шудааст, мавриди муаррифӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки бо шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо истифодаи афзалиятҳои ҳамроҳшавӣ ба ин созмон, дар давраи гузариш омода намудани иқтисодиёти кишвар ба рақобати солим, дар чаҳорчӯбаи ӯҳдадориҳои гирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонидани иқтисодиёти он, ҳифз намудани манфиатҳои иқтисодии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди мунтазами робитаҳои иқтисодии хориҷӣ аҳамияти хоса пайдо намуда, ба омили асосии рушди иқтисодиёти миллӣ табдил меёбад. Мақсади асосии Барнома ин фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкории миёна ва хурд, ҷалб намудани сармояи хориҷӣ, тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳои аъзои СУС, таъмини афзалиятҳои узвият дар СУС барои доираи васеи соҳибкорон тавассути андешидани тадбирҳои зарурӣ, ки ба тезонидани раванди ислоҳот дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар равона гардидаанд, мебошад. Зеро, Барномаи мазкур ба кам намудани сатҳи бекорӣ тавассути фароҳам овардани шароити мусоид барои ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум равона гардидааст, таъкид гардид дар рафти чорабинӣ.

Ҳамзамон, ба иштирокчиёни ҷаласаи мазкур аз ҷониби аъзои Гурӯҳи корӣ оид ба афзалият, вазифа, зарурати таҳияи Барнома, инчунин, натиҷаҳои дар амал татбиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои Барнома маълумоти муфассал манзур гардид. Ҳамин тариқ, дар аснои ҷаласа иштирокчиён ба саволҳои сершумори худ вобаста ба масъалаҳои мавриди назар аз аъзои Гурӯҳи корӣ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Бояд гуфт, чорабинии мазкур дар асоси Созишномаи дутарафа байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ва БРСММ дар доираи лоиҳаи минтақавии “Аврупои фарох: Мусоидати савдо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ” ташкил карда шуд.

Дар доираи ташаббуси мазкур БРСММ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори мутахассисони вазорату идораҳои марбутаи кишвар мусоидат карда, саъю кушишро ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории шарикон дар татбиқ ва такмили қонунгузории кишвар дар соҳаи савдо дастгирӣ менамояд.