Мулоқот бо Раиси Фонди рушди Саудӣ Султон Абдураҳмон ал-Маршад
11 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар шаҳри Риёз бо Раиси Фонди рушди Саудӣ Султон Абдураҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд.
Аз вазъи кунунии ҳамкории судманд бо Фонди рушди Саудӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуда, зарурати идомаи он барои маблағгузории лоиҳаҳои муҳими иқтисоди Тоҷикистон таъкид гардид.
Ҷиҳати иштироки Фонди рушди Саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги гидоэнергетикии Тоҷикистон, хусусан Неругоҳи барқи обии “Роғун”, дастгирӣ ва мусоидат ба маблағгузории сохтмони он фикру мулоҳизаҳои судман баён карда шуд.
Ҳамчунин, идомаи ҳамкории босамари Тоҷикистон ва Фонди рушди Саудӣ дар бунёди иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла иншооти соҳаи маориф ва тандурустӣ дар Тоҷикистон таъкид гардид.
Ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории босамар дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла тиҷорату сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ омодагӣ ва ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Фонди рушди Саудӣ минбаъд низ ба таври назаррас густариш меёбад.
http://prezident.tj/ru/node/31868