Навиди Вазорат



Иштирок ва суханронии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 7-уми Абрешим

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

  

16 ноябри соли 2023 дар Шаҳри Сиани вилояти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин 7-умин Намоишгоҳи Абрешим баргузор гардид, Ки дар он Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Восидиён Фарҳод Саъдулло ҳамчун меҳмони фахрӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Восидиён Ф. С. қайд намуд, ки дар тӯли солҳои охир рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин тамоюли мусбат дошт, ки бевосита ба дӯстиву ҳамдигарфаҳмии самимии байни роҳбарони ду кишвар, ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин вобаста аст.

Бояд қайд кард, ки дар давраи ҳамкории дуҷониба аз соли 2007 то 2023 ҳаҷми сармоягузорӣ аз Чин ба Тоҷикистон 3,34 миллиард долларро ташкил дод, ки 1,2 миллиард доллари он сармоягузории мустақим буд. Дар ҳоли ҳозир Дар Тоҷикистон беш аз 580 ширкат бо сармояи чинӣ фаъолият доранд.

Дар доираи намоишгоҳ ба рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Вилояти Шэнси, аз ҷумла лимӯ, зардолуи тару хушк, харбуза, ангур, хурмо, чормағз ва анор диққати махсус дода шуд.

  

  

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное