Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Дар Вазорат нишасти матбуотӣ баргузор гардид

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 дар бораи баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти навбатии матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ, ки бо иштироки бештар аз 20-намояндаи воситаҳои ахбори оммаи дохил ва хориҷи кишвар доир гашт, Вазири рушди иқтисод ва савдо Н.Ҳикматуллозода, муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохтории Вазорат ва муассисаҳои тобеъ ширкат варзиданд.

Вазири рушди иқтисод ва савдо Н.Ҳикматуллозода нишасти матбуотиро бо суханони муқаддимавӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ мухтасар маълумот доданд.

Сипас, дар ҷараёни нишасти матбуотӣ аз ҷониби роҳбарияти вазорат ба суолҳои хабарнигорони воситаҳои ахбори омма оид ба масъалаҳои гуногуни вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар посух гардонида шуд.

Дар аснои нишасти матбуотӣ масоили мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳаҷми ММД, паёмадҳои воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикиситон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Нақшаи чорабиниҳо доир ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, таъсири таҳримҳои алайҳи Россия ба иқтисодиёти кишвар, воридоти орду гандум ба ҷумҳурӣ, фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, натиҷаҳои марҳилавии фаъолияти Тоҷикистон дар СУС, истеҳсол ва содироти алюминий, ҳаҷми қарзи берунӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.