Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Котиби иҷроия Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо масъалаи баргузории чорабиниҳои СПЕКА дар Тоҷикистонро баррасӣ намуд
Рӯзи 23 ноябри соли 2023 дар доираи иҷлосияи 18-уми Шӯрои роҳбарикунандаи Барномаи махсуси СММ барои иқтисоди Осиёи Марказӣ (СПЕКА) вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) хонум Татяна Молчан баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории иктисодии Тоҷикистон бо Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо дар доираи СПЕКА, аз ҷумла вобаста ба гузаронидани чорабиниҳои СПЕКА дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Завқизода З. А. барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд миннатдорӣ баён намуда, дархост кард, ки дар масъалаҳои рақамикунонии иқтисодиёт, тиҷорати электронӣ, содагардонии расмиёти савдо, иқтисоди “сабз” ва дигар самтҳои афзалиятноки мавриди назар кумакҳои худро бештар намоянд, ки аз он ҷониб хуш пазируфта шуд.