Густариши ҳамкориҳо дар соҳаи МОИ
Баррасии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия аз мавзуъҳои асосии вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод бо ҳайати намояндагони Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Туркия таҳти роҳбарии Салиҳ Чичек маҳсуб меёфт, ки рӯзи 24 августи соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир гардид.
Ҳангоми мулоқот, ки бо ҳусни тафоҳум сурат гирифт, ҷонибҳо дар атрофи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, махсусан дар соҳаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба МОИ, гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ ва табодули таҷриба дар ин самт ва ғайра мубодилаи афкори судманд намуданд.
Дар интиҳои вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар ин самти муҳим баён доштанд.