Навиди Вазорат



Байни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Бонки Олмонии Рушд (KFW) шартномаи грантӣ барои сохтмони НБО «Себзор» ба имзо расонида шуд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

  

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 декабри соли 2023 аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин, Директори Бонки Олмонии Рушд барои минтақаи Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ хонум Вероника Гарсия дел Арко, Роҳбари намояндагии минтақавии Бонки Олмонии Рушд дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер ва роҳбари ширкати Помир Энерҷӣ Шартномаи иловагӣ оид ба пешниҳоди грант ба маблағи 10 миллион евро барои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» ба имзо расонида шуд.

Иқтидори НБО «Себзор» 11 МВт буда, беш аз 227 ҳазор нафар аҳолӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 468 ҳазор нафар дар ноҳияҳои наздисарҳадии кишвари ҳамсояи Афғонистонро бо энергияи сабз таъмин хоҳад кард.

Қайд бояд кард, ки то имрӯз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби маблағҳои шарикони рушд, бахусус Иттиҳоди Аврупо, Ҳукумати Олмон, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), Котиботи Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ (SEСO) ва Бонки Ҷаҳонӣ барои сохтмони НБО «Себзор» дар маҷмуъ 84 млн. доллар грант ҷалб карда шудааст.

  

  

  

  

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное