Навиди Вазорат



Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо ва Котиби кумитаи Шаҳрии минтақаи Қашғар самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодиро муҳокима намуданд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

  

22 декабри соли 2023 дар шаҳри Душанбе мулоқоти Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин бо ҳайати минтақаи Қашғари ноҳияи Мухтори Синьцзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ки онро Котиби кумитаи шаҳрии ноҳияи номбурда ҷаноби Яо Нин роҳбарӣ мекард.

Нуриддинзода А. Н. қайд намуд, ки ба шарофати сиёсати дурандешонаи роҳбарони ду кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии байни кишварҳо ба сатҳи нав баромада, ҳаҷми савдои хориҷии мутақобила сол аз сол рушд менамояд.

Қайд гардид, ки афзоиши савдои мутақобилаи хориҷии кишварҳо дар 11 моҳи соли ҷорӣ 21 дарсадро ташкил додааст.

Дар доираи вохӯрӣ, ки дар фазои дӯстона баргузор гардид, ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодиро, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди боғҳои интенсивӣ ва таъсиси корхонаҳои саноатии истихроҷи маъданҳои фоиданок ва коркарди металлҳо то маҳсулоти ниҳоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Илова бар ин, ҷонибҳо масъалаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, аз ҷумла таҳвили меваю сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тоза (органикӣ) дорои таъми нотакрор аз Тоҷикистон ба Чин, аз ҷумла Ба минта Қашғарро баррасӣ карданд.

Инчунин Котиби кумитаи шаҳрии минтақаи Кашғари ноҳияи Мухтори Синьцзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин аз ҷониби Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки ба сифати меҳмони фахрӣ дар Намоишгоҳ, ки моҳи майи соли 2024 дар шаҳри Қашғар баргузор мешавад, ширкат кунад.

Дар охири мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное