Навиди Вазорат



Мулоқот бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар

.

  

22 январ дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар баргузор шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми соҳибкорони Точикистону Қатар, ки бо иштироки Вазири савдо ва саноати Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Ҳамад бин Қосим Оли Сонӣ баргузор гардид, суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат зикр намуданд, ки ҳадафи мулоқоти имрӯза муаррифии бештару хубтари имконияти воқеии ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории ду давлати ба ҳам бародар мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба вазъи кунунии иқтисодии Тоҷикистон ва арсаҳои алоҳидаи ояндадори ҳамкорӣ, аз ҷумла роҳҳои рушди минбаъдаи соҳаҳои стратегии иқтисоди мамлакат андешаронӣ карданд.

Дар ҳамин ҳол соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, молияву бонкдорӣ ва сайёҳӣ бахшҳои афзалиятнок маънидод гардиданд.

Ҷалби сармоя ба соҳаҳои гуногуни иқтисод ва рушди соҳибкорӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номида шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар Тоҷикистон мутобиқ ба татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, имкониятҳои васеи сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, василаҳои марбут ба имтиёзҳои андозу гумрук ва кафолатдиҳӣ фаъолона истифода мегарданд.

Таъкид гардид, ки узвияти Тоҷикистон дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва як қатор конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон низ гувоҳи мутобиқ будани қонунгузории мо ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.

Ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳои ду давлат номида шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Тоҷикистон дорои сарватҳои фаровони табиӣ, бахусус об ва канданиҳои фоиданок мебошад.

Зимни суханронии пурмуҳтаво Президенти мамлакат ҳамчунин оид ба имконоти фарохи сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла саноати сабуку хӯрокворӣ, металлургия, мошинсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва дорусозӣ андешаронӣ карданд.

Таъкид шуд, ки истифодаи самараноки имкониятҳое, ки дар бахшҳои зикргардида мавҷуданд, ворид намудани технологияҳои муосир ва ҷалби сармояро тақозо менамояд. 

Дар Тоҷикистон панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият мекунад ва дар онҳо барои сармоягузорону соҳибкорони хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар суханронии худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин оид ба имконоти васеи ҳамкорӣ бо ширкатҳои қатарӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, зерсохтори нақлиётӣ, таъсиси марказҳои логистикӣ, авиатсияи гражданӣ ва сайёҳӣ, бахусус саёҳати кӯҳнавардӣ, экологӣ ва беҳдоштӣ андешаҳо баён карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон омода аст, ки пешниҳодҳои сармоягузорони қатариро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории судманд дар самтҳои афзалиятноки зикргардида бодиққат омӯзад ва дастгирӣ намояд.

Дар фарҷом, аз доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар ҷиҳати боздид аз Тоҷикистон бо мақсади шиносоии наздик аз имкониятҳои ҳамкорӣ бо кишвари мо дар самтҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн даъват ба амал оварда шуд.

http://president.tj/ru/node/32368